ДАР ПАРИЖ САФОРАТХОНАИ ТОҶИКИСТОН КУШОДА МЕШАВАД

Январь 8, 2009 10:38

        Душанбе, 8  январ. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). –  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон баъди  чошти  дирӯз  бо сафири кабири  Фаронса   дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Оливе Метланд – Пелен бо  сабаби   ба  охир  расидани  мӯҳлати  сафораташ   дар  мамлакати мо  мулоқот  кард. Сафир   баъди  анҷоми  мулоқоташ  бо  Президент   зимни  сӯҳбати  мухтасар  бо  хабарнигорон   зикр  намуд, ки  бо Президенти  Тоҷикистон  масъалаҳои   ҳамкориро   дар   соҳаҳои  рушди  иқтисодиёт,  сиёсат  ва таъмини  амнияти  минтақа баррасӣ  намудааст.  Дар  ҷараёни  сӯҳбат  сухан  дар  бораи   равнақу  ривоҷи  минбаъдаи  муносибатҳои  Тоҷикистону  Фаронса  рафт. Сардори  давлати  Тоҷикистон  изҳор  намуд, ки   ояндаи  наздик   дар   Фаронса  сафоратхонаи Тоҷикистон  кушода  мешавад,  гуфт  дипломати  фаронсавӣ. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  Оливе Метланд – Пелен   дар  Тоҷикистон  бештар  аз  ду  сол   кор  кард. Дар  давраи  сафорати  ӯ бо  кӯмаки  Ҳукумати  Фаронса  хати  парвози  фурудгоҳи   Душанбе  пурра  тармим  карда  шуд.

Январь 8, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!