ДАР СОЛИ 2008 ТИБҚИ КВОТА 550 НАФАР ДУХТАРОН ДОНИШҶӮ ШУДАНД

Январь 14, 2009 16:42

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Айни замон дар мансабҳои гуногуни давлатии ҷумҳурӣ 16 236 нафар фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 3 915 нафарашон занҳо мебошанд ва ин 24,1 фисадро ташкил медиҳад. Аз теъдоди умумии 700 нафар сардухтурони беморхонаҳо 217 нафарашон зaнҳо мебошанд. Аз 36 364 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ  2 000 нафарашро занон ташкил медиҳанд, зикр намуд дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ҷамъбасти соли 2008, раиси ин Кумита Хайринисо Юсуфӣ. Дар соли таҳсили 2008-2009 аз шумораи умумии 1007 нафар, ки тибқи квотаи Президентй ба макотиби олии ҷумҳурӣ дохил гардиданд, 550 нафарашон духтарон мебошанд. Дар соли таҳсили 2007-2008 дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар,  аз ҷумла Ҷумҳурии халқии Хитой 23 нафар, Федератсияи Русия 7 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон 5 нафар ва ҷумҳурии Иломии Эрон 11 нафар духтарони тоҷик таҳсили худро идома медиҳанд, зикр гардид зимни нишасти матбуотӣ.           «Бо мақсади андешидани тадбирҳо барои тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои камназир мутобиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли хониши 2008-2009 тибқи квотаи Президентӣ аз рӯи ихтисосҳои менеҷмент 6 нафар, ҳисобу информатика 16 нафар ва муҳандис 3 нафар духтарон ба мактабҳои олии кишвар ва Донишкадаи энергетикии шаҳри Маскав 2 нафар духтарон дохил шудаанд. Дар баробари дастовардҳо дар ҳаёти бонувон  чунин камбудиҳо  ба назар мерасад,  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нокифоягии ҷойҳои кории доимӣ, баxycyc барои занони деҳоти кӯҳистони дурдаст, солҳои охир аз рӯи маълумотҳои оморӣ ҷудошавии оилаҳои нав6унёд, бахусус дар ноҳияҳои Рашт, Рудакӣ ва Ваҳдат бештар ба назар мерасад, ки сабаби асосии он хушунати хонаводагӣ, набудани манзил, муҳоҷирати меҳнатии мардон ва занон мебошад», афзуд Х. Юсуфӣ.

Январь 14, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид