ДАР ТЕҲРОН МАСЪАЛАИ ГУСТАРИШИ ЗАБОНИ ФОРСӢ БАРРАСӢ МЕШАВАД

Январь 14, 2009 08:55

                                                                   Душанбе, 14 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-  14 январ дар Теҳрон 6-умин Анҷумани устодони забон ва адабиёти форсӣ оғоз меёбад. Дар он дар қатори намояндагони 50 давлати ҷаҳон беш аз 10 нафар устодони забон ва адабиёти форсӣ аз Тоҷикистон иштирок менамоянд.        Дар робита дар Душанбе вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғар Амир Шеърдӯст бо ҳайати устодон ва олимони тоҷик баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои тақвияти ҳамкории илмию фарҳангии байни ду кишвари ҳамзабон баррасӣ гардид. Дипломати эронӣ иштироки устодони тоҷикро дар Анҷумани мазкур падидаи неке дар густариши робитаҳои илмию фарҳангии ҳар ду давлат арзёбӣ кард.        Бояд зикр кард, ки Анҷуман муддати ду рӯз идома ёфта,  дар он масъалаҳои марбут ба рушду такомули забон ва адабиёти форсӣ ва проблемаҳои вобаста ба он баррасӣ мегараданд.       Анҷуман бо ибтикори бунёди эроншиносӣ ва Созмони фарҳангӣ ва иртибототи исломии Эрон баргузор гардида, дар он аз кишварҳои Осиёву Аврупо намояндагон иштирок менамоянд.       Бояд зикр кард, ки дар миқёси ҷаҳон қариб 150 миллион нафар бо забони форсӣ муошират менамоянд.          Мавриди зикр аст, ки 5-умин Анҷумани устодони забон ва адабиёти форсӣ соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ки дар он намояндагони кишварҳои форсизабони минтақа ширкат доштанд.

Январь 14, 2009 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст