ДАР ТОҶИКИСТОН 2940 СОЗМОНҲОИ ИБТИДОИИ ТҶММ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАНД
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Созмонҳои мададгори мудофиаи кишвар дар соли 2008 ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд ва сафҳои аъзоёни ин созмони меҳанпарастӣ хеле афзуд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 2940 созмонҳои ибтидоии ТҶММ фаъолият доранд, ки аз он 3-тоаш созмонҳои ибтидоии ноҳиявӣ мебошад, зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиданвар Камолов.Қайд гардид, ки Кумитаи марказӣ аз созмонҳои вилоятӣ, минтакавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ТҶММ пайваста талаб менамояд, ки сафҳои аъзоён ва созмонҳои ибтидоиро афзун гардонанд. Имрӯз сафи аъзоёни ТҶММ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуъан қариб 500 ҳазорро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2007 хеле зиёд аст.Дар соли 2008-ум 2 адад мактабхои нави автомобилӣ таъсис ёфтанд. Акнун теъдоди кумитаҳо бо назардошти се созмони ҳуқуқи ноҳиявӣ дошта ба 77 адад ва мактабҳои автомобилӣ, техникӣ — автомобилӣ дар ҷумҳурӣ ба 16 адад расид. Дар ин давра 74 воҳид техникаи гуногунтамғаи таълимӣ харидорӣ карда шуд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки Мактаби муттаҳидаи техникии ҷумҳуриявии КМ ТҶММ Тоҷикистон аввалин шуда, баъди Ҷумҳурии Белорус ба шакли компютерикунонии таълим гузашт, 8 синфи бо компютер ва дастгоҳи мултимедиапроектор муҷаҳҳаз гардонидашуда, бо барномаи навини замонавии таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Кулоб ба номи Х. Шарифов, мактаби автомобилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мактабҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон бошад, компютерикунонии синфҳои таълимиро анҷом дода истодаанд.








Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






