ДАР ТОҶИКИСТОН 51 ЛОИҲАИ ИНВЕСТИТСИОНӢ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

Январь 17, 2009 12:56

Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади рушд ва вусъати соҳибкорӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ба муддати ду сол ба ҳамаи намудҳои тафтишу санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон намуд ва барои инкишофи бахши хусусӣ дар қонунгузории амалкунанда имтиёзҳои зиёд муқаррар кард. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар бобати таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар, такмили сиёсати инвеститсионӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузориҳо аҳамияти калон дода мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон 51 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 5 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта ҷиҳати маблағгузории 12 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ бо ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ созишномаҳои навро ба имзо расонид, ки маблағи умумии онҳо 540 миллион сомонӣ буда, 315 миллион сомонии он қарзҳои бебозгашт мебошанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат таъкид кард, ки азхудкунии саривақтии маблағҳои ҷудошуда, иҷрои босифати корҳо дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва идоракунии самараноки раванди татбиқи лоиҳаҳо ҳанӯз пурра таъмин карда намешавад.Бинобар ин, бояд марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ба фаъолияти худ тақвият бахшанд. Инчунин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст, ки доир ба ҷалби сармояи мустақими дохиливу хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Январь 17, 2009 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид