ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ЗАМИН ҶУНБИД

Январь 5, 2009 10:11

        Душанбе,  5  январ. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). –  Шаби  5  январ  дар  қаламрави  Ҷумҳурии  Тоҷикистон боз  замин  ҷунбид. Аз  маркази  зилзилашиносии «Душанбе»  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки   зилзила  соати 4 – у 13  дақиқа  рух  дод.  Маркази он  дар  масофаи  300 километрии  самти  ҷанубу шарқи  шаҳри  Душанбе дар  қаламрави  Афғонистон,  дар  минтақаи  кӯҳҳои  Ҳиндукуш  воқеъ  буд. Қувваи  зилзила  дар  Душанбе  ба  3  балл  расид. То  ҳол  дар  бораи  зарарҳо  ва оқибати  зилзила  ягон  хабар  нарасидааст. Аз рӯи  маълумоти  зилзилашиносон,  ҳар  сол  дар  қаламрави  Тоҷикистон бештар  аз 3000  зилзила ба  қайд  гирифта  мешавад.

Январь 5, 2009 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар