ДАР ТОҶИКИСТОН ШУМОРАИ ТАЛОҚ ЗИЁД ГАРДИД

Январь 27, 2009 17:09

                 Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он дар ҷумҳурӣ 414 ҳазору 977 санади ҳолати шаҳрвандиро ба қайд гирифтанд. Дар ин бора дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Равшаной Умарова иттилоъ дод.                 Ӯ афзуд, ки аз шумораи санадҳои ҳолати шаҳрвандии ба қайд гирифташуда, 159 ҳазору 540 санад вобаста ба сабти таваллуд, 106 ҳазору 590 сабти никоҳ ва 7 ҳазору 480 санад вобаста ба иваз намудани фамилия, ном ва номи падар мебошад. Дар ин муддат 9 ҳазору 505 сабти никоҳ зиёд шудааст.                Дар баробари ин ҷудошавии зану шавҳарон (талоқ) ва сабти вафот дар байни аҳолӣ зиёд гардид. Агар дар ҷумҳурӣ соли 2007-ум 4 ҳазору 814 ҷудошавии зану шавҳарон ба қайд гирифта шуда бошад, пас ин шумора дар соли 2008-ум ба 5 ҳазору 307 адар расид. Ҳамчунин оид ба сабти вафот гуфтан мумкин аст, ки дар соли 2007-ум 30 ҳазору 597 ҳолат ба қайд гирифта шудааст ва дар соли 2008-ум ин шумора ба 30 ҳазору 853 адад расид.  

Январь 27, 2009 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид