ДАР ТОҶИКИСТОН СОЛИ 2009 50 НЕРӮГОҲИ ХУДИ ОБӢ СОХТА МЕШАВАД

Январь 16, 2009 15:21

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар соли 2009 бояд дар қаламрави ҷумҳурӣ 50 нерӯгоҳи хурди обӣ бунёд карда шавад. Роҷеъ ба ин масъала Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мушкилоти энергетикии кишвар дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумат 15 январ, ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ва дигар масъулини кишвар дастур дод. Бояд гуфт, ки талафоти зиёди нерӯи барқ, ки асосан аз ҳисоби аҳолӣ аст ва ҳаҷми он дар соли 2008-ум 2,9 миллиард киловат/соатро ташкил дод, масъалаи нигарон кунанда аст. Аз ин рӯ, масъулини бахши энергетикии кишварро зарур аст, ки сари ин масъала чораҳои қатъӣ андешанд, то мардуми кишварро бо нерӯи барқ дар фасли сармо таъмин намоянд.Маврид ба ёдоварист, ки соли 2008 тавассути ба кор даровардани даҳҳо корхонаҳои нав ва барқарор намудани истеҳсолот дар 68 корхонаи мавҷудаи саноатӣ 3621 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид. 

Январь 16, 2009 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад