ДАР ТУРКМАНИСТОН ФИЛМҲОИ БЕҲТАРИНИ «ТОҶИКФИЛМ» НАМОИШ ДОДА МЕШАВАНД
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар Ашқобод рӯзҳои кинои Тоҷикистон давом доранд. Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон хабар медиҳад, ки имрӯзҳо ба тамошобинони туркман филмҳои беҳтарини студияи «Тоҷикфилм» аз ҷумла, «Достони Сиёвуш», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Боз як шаби Шаҳризода» ва ғайра пешкаш карда мешаванд. Тамошобинони туркман филми «Субҳи нахустини ҷавонӣ» — ро тамошо карда, бо ҳаёти мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон шинос мегарданд. Аз ҷумлаи филмҳои навтарини Тоҷикистон ба тамошобинони туркман филми «Вақте ки болои шаҳр борон меборид» пешкаш карда мешавад. Рӯзҳои кинои тоҷик дар Туркманистон бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар ин мамлакат ва вазорати фарҳанг ва радиою телевизиони Туркманистон баргузор гардида, ба 16 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии ҳар ду мамлакат бахшида шудааст. Директори киностудияи «Тоҷикфилм» Саидҷалол Саидов аз ин иқдом изҳори қаноатмандӣ карда, ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки кормандони кинои тоҷик бо ҳамкасбони туркманашон самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Вай зикр намуд, ки фасли баҳор дар Тоҷикистон рӯзҳои кинои Туркманистон гузаронида мешаванд. Мо қарор додаем, ки ҳамроҳи киносозони туркман дар бораи шоири машҳури ин мамлакат Маҳдумқулӣ филми бадеӣ ба навор гирем, гуфт С.Саидов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






