ДАР ЯК ҚАТОР НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БАХШҲОИ ТАБОБАТИ БЕМОР
Душанбе, 27 январ. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил соли сипаригашта тадқиқоти холтерии фишори шараёнӣ ва набз, озмоиши фраксияи холестерин ва тропонинҳо ба роҳ монда шудааст. Дар маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ба мухбири АМИТ "Ховар" иттилоъ доданд, барои дастрас намудани маводи сарфшаванда, қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳои нави ташхисиву табобатӣ барои Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,200 ҳазор сомонӣ ҷудо ва тибқи шартнома бо ширкати ООО «Сино-фарма», ки дар озмуни тендерӣ ғолиб дониста шуда буд, қисман дастрас карда шуд. Инчунин, дар доираи амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015» соли равон корҳои назаррас ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рашт Маркази байниноҳиявии бемориҳои дил, дар ноҳияҳои Ашт, Данғара, Бохтар, Вахш, Ёвон, Қумсангир, Ҷиликул, Ҷ.Румӣ, Шаҳритус. А.Ҷомӣ, Сарбанд, Рўдакӣ ва ш.Ваҳдат бахшҳои табобати бемориҳои дил кушода шуда, миқдори катҳои кардиологӣ аз ҳисоби таҷдиди сохтори беморхонаҳо дар маҷмўъ 194 адад зиёд карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






