ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ АЗ ҶОНИБИ БОНКҲО ВУСЪАТ МЕЁБАД
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз рӯи иттилои раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода маблағҳои қарздиҳии хурд дар соли 2008-ум 57 фоиз афзуда, шумораи қарзгирандагони хурд ба 166 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба соли 2007-ум 9 ҳазор нафар зиёд аст. Дар соли 2008 муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба 26592 муштарӣ 259,6 миллион сомонӣ қарз дод, ки аз он 186,6 миллионашро қарзҳои хурд ба 26465 муштарӣ ташкил медиҳад. 103,1 миллион сомонии қарзҳо ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд, ки ба супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ аст. Бояд ёдовар шуд, ки бақияи сандуқи қарзии «Амонатбонк» ба санаи 1-уми январи соли 2009 ба 230,8 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2007 ба андозаи 81 фоиз зиёд аст. Бақияи амонатии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бошад дар «Амонатбонк» 318 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2007-ум 54 фоиз зиёд мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






