ДАСТИ САХО ДАРОЗ ШУД

Январь 13, 2009 08:22

Хоруғ, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дасти сахоро ба бенавоёну дармондагон дароз кардан ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Бо ибтикори роҳбарияти вилояту шаҳри Хоруғ барои тарбиятгирандагони Маркази «Нур», ки дар ин ҷо тифлакони маъюб гирд оварда шуда, ба онҳо саводу касбу ҳунар омӯзонда мешавад, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти маҳаллии Ҳокимияти ВМКБ чорабиниии гуворо доир гардид. Дар ибтидо муовини раиси вилоят Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров аз боби ифтихори мардуми сарбаланди тоҷик аз Истиқлолияти давлатӣ, рӯз аз рӯз беҳбудӣ ёфтани рӯзгори мардумсуханронӣ намуда, тарбиятгирадагонро шодбош гуфт. Шумо доимо дар зери таваҷҷӯҳи роҳбари давлат, ҳукумати Тоҷикистон ва Мақомоти маҳаллии Ҳокимияти давлатии вилоят қарор доред,- иброз дошт ӯ. Баъдан аз ҷониби дастпарварони мактаби мусиқии шаҳри Хоруғ барномаи ҷолиб манзури тарбиятгирандагони Маркази «Нур» гардид. Аз ҷониби идораву муассисоти гуногуни вилоят ба тарбиятгирандагони вилоят тӯҳфаҳо тақдим карда шуд. Сарвари маркази «Нур» Камол Шанбезода  ба ташкилкунандагони чорабинӣ аз номи тарбиятгирандагон арзи сипос кард.

Январь 13, 2009 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд