ДАСТОВАРҲОИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРӢ ДАР СОЛИ 2008

Январь 7, 2009 10:34

 Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 6 декабри соли равон дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар соли 2008 — ум ҷаласа баргузор гардид.                 Муовини  раиси палатаи савдо ва саноат Асаналӣ Карамалиев доир ба самтҳои фаъолияти палата  дар соли 2008- ум  ва вазифаҳои он барои соли 2009 — ум баромад намуда, аз ҷумла ибрози ақида кард, ки муҳимтарин самти фаъолияти палата ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишварамон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи ҷаҳонӣ ахбору иттилоот дар  бораи фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишварамон, инчунин барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ, палата ҳар сол СД-дискро оиди навовариҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешкаши ҷаҳониён мегардонад. Дар соли 2008 низ палата СД- худро бо номи «Раҳнамои тиҷорат-2008» ба табъ расонид, ки дар он 176 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва 525 ахбори корхонаю ширкатҳо ҷой дода шудааст.                 Дар соли сипаригардида палата барои дастгирӣ ва васеъ намудани фаъолияти доираҳои соҳибкорӣ, махсусан тиҷорати хурду миёна зиёда аз 131 вохӯриҳо гузаронид. Бо мақсади васеъ намудани фаъолият ва муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд, дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздик 45 намондагии палат а таъсис дода шудааст ва бо 182 кишвари хориҷӣ созишномаҳо баста шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки дар соли 2009 чунин созишномаҳо бо 200 кишварҳо баста хоҳад шуд.  

Январь 7, 2009 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст