ДАСТОВАРДИ КОРХОНАҲО ХУБ АСТ

Январь 9, 2009 08:30

          Душанбе, 9 январ.(АМИТ «Ховар» Лаззат Диловарзод).- Бино ба суханони раиси ноҳияи Фирдавсӣ Файзуллохон Исупов, ноҳияи Фирдавсӣ яке аз ноҳияҳои саноатии шаҳри Душанбе мебошад, ки дар он 62 корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекунад. Дар давоми соли 2008 аз 62 корхонаи саноатӣ 58-тои он бо тамоми иқтидори истеҳсолӣ кор кард.  Соли 2008 ҳамчунин 5 корхонаи нав сохта ба истифода дода шуд. Мутаассифона 4 корхона бо сабаби азнавсозӣ ва баланд шудани ашёи хом фаъолият накард.          Нишондиҳандаҳои содиротӣ ва воридотии корхонаҳои саноатӣ дар соли 2008 хуб  ҷамъбаст гардид. Ҳаҷми содироти маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ наздик ба 7 млн. доллар расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2007 ба миқдори 1,5 млн. доллар зиёд аст. Маҳсулоти воридотӣ бошад, беш аз 5 млн. доллари амрикоиро ташкил дод. Ин аст ки дастовардҳои корхонаҳои саноатӣ дар соли 2008 қобили қабул дониста шуд.

Январь 9, 2009 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид