ДАСТУРИ «МЕНЕҶМЕНТИ КИТОБДОРӢ» ОМОДАИ ЧОП АСТ
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ба Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А. Фирдавсӣ дар давоми соли 2008 9139 нусха адабиёти тозанашр, аз ҷумла 1894 нусха бо забони тоҷикӣ ворид шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори китобхонаи миллӣ Шариф Тошев хабар дод. Ӯ зикр намуд, ки мувофиқи нақша соли гузашта дар китобхона як қатор намоишҳои китоб бахшида ба чорабиниҳои муҳими ҷумҳурӣ аз қабили 17- умин солгарди Истиқлолияти ҶТ, 1150-солагии зодрӯзи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, 100- солагии академик Бобоҷон Ғафуров, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, «Рӯзи байналмиллалии Фирдавсӣ», инчунин конфронсҳои илмӣ, вохӯриву мизҳои мудаввар пайваста баргузор гардиданд.Шумораи хонандагон дар соли 2008, 31400 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2007, 2900 хонанда зиёд мебошад. Миқдори ташрифоварӣ дар ин давра ба 253341 нафар расид, ки нисбат ба соли 2007 71030 нафар зиёд аст.Ҳамчунин, — қайд намуд Шариф Тошев,- дар давраи ҳисоботӣ матни электронии 14194 саҳифа китобҳои нодири дар фонди китобхона мавҷудбуда ва 9 ҳазор номгӯи китобҳои тозанашр доир ба соҳаҳои мухталифи илм ба захираи электронии шӯъба ворид карда шуданд. Илова бар ин аз моҳи сентябри соли гузашта дар назди шӯъба толори хониши виртуалии рисолаҳои илмии Китобхонаи давлатии Россия ба фаъолият шурӯъ кард. Дар шӯъбаи мазкур курси омӯзиши донишҳои компютерӣ созмон дода шуд ва имрӯз 7 нафар кормандони китобхона ин курсро хатм карданд.Шӯъбаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодири китобхона бештар ба корҳои тарғиботӣ диққат дода, тавассути ВАО 49 маротиба гузоришҳои ҷолиб нисбати тарғиби осори ниёгон ва ҷалби хонандагон ба китобхона доир намудааст. Дар радифи корҳои хизматрасонӣ кормандони шӯъба феҳристҳои осори «Рӯдакӣ» ва «Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ»- ро ( қисми 2) мураттаб сохтанд. Ҷилдҳои 3-4 –и «Таърихи забоншиносии тоҷик»-ро низ барои интишор омода карданд. Дастури «Менеҷменти китобдорӣ», ки барои такмили дониши кормандони китобхонаҳо мусоидат мекунад, омодаи чоп аст.Тавассути мубодилаи байналмиллалии китоб аз китобхонаҳои мамлакатҳои Булғория, Венгрия, Ҷопон, Фаронса, ИМА, Олмон, Исроил, Чин, Корея, Польша Эрон ва ғайра ба фонди шӯъбаи адабиёти хориҷӣ 130 нусха адабиёти тозанашр ворид шуд. Айни замон дар Китобхонаи миллӣ 3067942 нусха адабиёт ва дигар маводи иттилоотӣ маҳфуз аст, — гуфт, дар хотима Шариф Тошев.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






