ДАВЛАТ БА РУШДИ ХОҶАГИИ ОБИ ВИЛОЯТ КӮМАК МЕРАСОНАД
Қӯрғонтеппа, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияити давлатӣ имсол барои таъмини фаъолияти мӯътадили муассисаҳои оби вилояти Хатлон кӯмак мерасонанд. Айни ҳол каналҳои мавҷударо тоза кардан зарур аст, вале ташкилоту муассисаҳо барои ин маблағи зарурӣ надоранд. Тавре ки сардори раёсати хоҷагии оби вилоят Мирзоалӣ Собиров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар иҷлосияи охирини маҷлиси вакилони мардумии вилоят барои рушди хоҷагии об маблағи зарурӣ ҷудо карда шуд. Соли 2008 барои таъмини фаъолияти хоҷагии об 583 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Соли равон бо ин мақсад 2,6 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. М.Собиров зикр кард, ки ин маблағ барои беҳтар сохтани фаъолияти хоҷагии оби вилоят кифоя мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






