ДЕГХОНАҲОИ «ҒАРБӢ» ВА «ШАРҚӢ»-И МИБГ БА ПОЙТАХТ ВОГУЗОР МЕШАВАНД
Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки 19 январ баргузор гардид, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо назардошти хулоса, дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати ҷумҳурӣ садо доданд, масъалаҳои тақвияту таҳкими нақшаҳои шаҳрро дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Раиси шаҳр бо дарки масъулият ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат баҳри таъмини сокинони пойтахт бо гармӣ дар фасли сармо ва бо оби гарм дар ҳама фасли сол муқаррар сохт, ки дар доираи Соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ, инчунин 900-рўзи ободонӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахт дегхонаҳои «Ғарбӣ» ва «Шарқӣ»-и Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ки зертобеи сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» маҳсуб меёфт, ба тавозуни шаҳр дароварда шаванд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, маркази мазкур бо сабаби камбуди сўзишворӣ мувофиқ ба эҳтиёҷи аҳолӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори шаҳр солиён аст, ки фаъолият карда наметавонад. Дар робита, барои ташкили фаъолияти муназзам ва истифодаи мақсадноки онҳо дар назди соҳаи коммуналии шаҳр сохтори нав таъсис дода мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






