ДИРЕКТОРИ КММ «ГАНҶ» БА ДАСТ АФТОД

Январь 12, 2009 14:23

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Директори КММ «Ганҷ» Ҳусейнхон Насриддинов ва ёрдамчии ӯ Абдураҳим Раҳимов барои тасарруф намудани маблағи 53805 сомонӣ дастгир гардиданд. Маълум гардид, ки Ҳ. Насриддинов бо А. Рахимов пешакӣ маслиҳат намуда 3-юми майи соли 2005 бо шабакаи барқии марказии Ширкати саҳҳомии холдингии «Барқи тоҷик» барои сохтмони базаи таъмиру истеҳсолии қитъаи хизматии дар маҳалаи Роҳатӣ вокеъ буда, бе нишон додани маблағ шартномаи пудратии берақамро ба имзо расонидаанд, инчунин 20-уми сентябри соли 2005 байни КММ «Ганҷ» ва ШБМ — ШСХ «Барқи Тоҷик» шартнома баста шуд. Баъди ба имзо расидани шартномаҳои мазкур аз тарафи ШБМ- ШСХ «Барқи тоҷик» ба ҳисоби ҷории КММ «Ганҷ» ҷамъ маблағи 105500 сомонӣ гузаронида шуд. Номбурдагон ба маблағи  51695 сомони корҳоро иҷро намуда ба шӯъбаи муҳосибавии ШБМ- ШСХ «Барқи точик» ҳисобот пешниҳод, ва маблағи 53805 сомонии боқимондаро бо роҳи тасарруф аз худ намудаанд, ки бо ин кирдорашон ба давлат зарари моддӣ расониданд.Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҳ. Насриддинов ва А. Раҳимов тибқи  моддаи 245, қисми 2 ва 340-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешаванд. Нисбати онҳо аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентии мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши  пешакӣ идома дорад.

Январь 12, 2009 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд