ДИРЕКТОРИ «НУРИ ОЛЛОҲ» МАБЛАҒИ «АГРОИНВЕСТБОНК»-РО ТАСАРРУФ КАРД

Январь 12, 2009 10:58

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Директори КДММ «Нури оллоҳ» Ҳабиба Хайруллоева ва шаҳрванд Ҳамидулло Алишеров барои тасарруф намудани маблағи 276954 доллари ИМА дастгир гардиданд.Маълум гардид, ки Ҳабиба Хайруллоева аз соли 2005 то ин ҷониб вазифаи директори корхонаи мазкурро ба ӯҳда дошта, бо шаҳрванд Ҳамидулло Алишеров забон як карда, 2-юми июли соли 2006 тибқи шартномаи кредитӣ аз ҶСК «Агроинвестбонк»-и шаҳри Душанбе бо мақсади хариди молҳои ниёзи мардум ба маблағи 200 ҳазор доллари ИМА бо 24%-и солона ба мӯҳлати то 03 октябри соли 2007 қарз гирифтааст. Номбурда қисме аз ин кредити гирифтаашро барои  эҳтиёҷоти шахсӣ сарф намуда, қисми дигарашро ба дигар шахсон додааст, ки дар натиҷа маблағи кредитӣ бо ҷамъи фоизҳояш 276954 доллари ИМА-ро ба ҶСК «Агроинвестбонк» барнагардонида ин маблағҳоро тассарруф намудааст.             Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҳ. Хайруллоева ва Ҳ. Алишеров тибқи моддаи 246, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешаванд. Нисбати онҳо аз тарафи кормандони Раёсати Агенти дар шаҳри Душанбе аз рӯи маводҳои ҷамъовардашуда санҷиш давом дорад.    

Январь 12, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд