«ДОНИШҶӮИ СОЛ» ДАР БАЙНИ ДОНИШҶУДУХТАРОНИ ДДОТ
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Дар Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ озмун баргузор гашт. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби масъули озмуни мазкур Марҳабо Олимова иттилоъ дод, бо мақсади иҷрои барномаи давлатии ҶТ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҶТ аз ҳисоби духтарони лаёқатманд дар солҳои 2007 – 2016, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ озмуни маърифатӣ — зеҳнии «Донишҷӯи сол» дар байни донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин озмун Раиси кумитаи занон ва оилаи шаҳри Душанбе Сайрамбӣ Лангариева, муовини раиси ноҳияи И. Сомонӣ Зулайхо Зокирова ва донишҷӯдухтарон иштирок намуданд. Шартҳои озмун аз ҷавоб додан ба саволҳо оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, сатҳи донишандӯзии донишҷудухтарон ва иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, иборат буд. Зикр шуд, ки ғолибияти озмун насиби донишҷӯдухтари курси сеюми факультаи таърих Таманно Бойназарова ва дастаи у гардида, ҷои дуюмро донишҷӯи курси сеюми факультаи забонҳои хориҷӣ Меҳрангез Турсунова ва дастааш ва ҷои сеюмро донишҷӯи курси дуюми факультаи забон ва адабиёти рус Анзурат Холова ишғол намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






