ДОНИШИ АКСАРИ МУДАРРИСОН ҶАВОБГӮИ ТАЛАБОТ НЕСТ

Январь 15, 2009 10:06

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон  зиёда аз 600 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, аммо аксари донишҷӯён ба таври худомӯзӣ бо аз худ кардани сабақҳои таълимӣ машғул шуда, мунтазам дар дарсҳо иштирок намекунанд, зикр гардид, зимни нишасти матбуотие, ки дирӯз дар донишгоҳ баргузор шуд. Дар ҳисоботи Вазорати фарҳанги ҶТ дар бораи натиҷаҳои фаъолияташ дар соли 2008, омадааст, ки  сатҳи дониши мударрисон низ, ҷавобгӯи раванди талаботи имрӯза набуда, аксари онҳо дорои дониши ибтидоии динӣ  буда, худомӯз мебошанд ва масъалаҳои мухталифи динӣ ва мазҳабиро дуруст сарфаҳм намераванд.Умуман, —  гуфта шудааст дар ҳисобот, — шиносоӣ бо мадрасаҳои «Шайх Маслиҳатдин»- шаҳри Хуҷанд, «Бӯстон»- и ноҳияи Масчоҳ, «Имоми Аъзам»- и ноҳияи Турсунзода ва ғайра нишон дод, ки на ҳамаи онҳо бо барномаҳои таълимӣ, маводи дарсӣ, синфхонаҳо, шароити мӯътадили дарсиву манзилӣ ва мударрисон пурра таъмин мебошанд.            Вазорати фарҳанг мақсад дорад, ки дар соли 2009 барои расонидани ёрии методӣ ба муассисаҳои таълими динӣ ва назорат бурдани кору фаъолияти онҳо, дар назди шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо як воҳиди кории мутахассис оид ба муассисаҳои таълими динӣ ташкил намояд.           

Январь 15, 2009 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст