ЭМКУНИИ ДОНИШҶЎДУХТАРОН ЗИДДИ БЕМОРИИ САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОН
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Яке аз проблемаҳои афзалиятноки тандурустии муосир масъалаҳои вобаста ба саратон, алалхусус саратони гарданаки бачадон мебошад, ки таи солҳои охир беш аз пеш, ба қайд гирифта шуда истодааст. Дар ҳамин замина мутобиқи фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов дар байни донишҷў духтарони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ зидди бемории саратони гарданаки бачадон эм гузаронида шуд. Барои пешгирии чунин беморӣ 19 ҳазор адад ваксинаи Гардасил аз ҳисоби лоиҳаи ХОУП (Барномаи башардўстонаи (USAID)) маблағгузорӣ карда шуд. Чунин моякўбӣ дар байни 6 ҳазор донишҷўдухтарони курсҳои 3 ва 4 дар се давр гузаронида мешавад. Мақсад аз гузаронидани чунин чорабинӣ пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон байни донишҷӯдухтарон мебошад. Ваксинаи Гардасил истеҳсоли Sanati Pasteur-и кишвари Фаронса буда, барои пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон ва дигар намудҳои саратони узвҳои таносул истифода бурда мешавад.Ваксинаи Гардасил барои наврасони аз 9 то 17 сола ва занони ҷавон аз 18 то 26 сола барои пешгирии бемориҳои зерин ки барангезандаашон вируси папиломаи одам типҳои 6, 11, 16 ва 18 пешбинӣ шудааст. Ёдовар бояд шуд, ки ваксинаи Гардасил на барои табобат, балки барои пешгирии саратони гарданаки бачадон мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






