ЭМОМАЛИ РАҲМОН БА УНВОНИ БАРАК ҲУСАЙН ОБАМА БАРҚИЯИ ШОДБОШ ИРСОЛ НАМУД.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусайн Обама ба муносибати савганд ёд карданаш ва оѓоз намудани иҷрои вазифаи давлатиаш барқияи шодбош ирсол намуд. «Дар давоми солҳои сипаригашта – таъкид намуд Сарвари давлати Тоҷикистон – муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико ҳамаҷиҳата густариш ёфта, ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф бо муваффақият идома дорад». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд, ки ҳамкориҳои муассирро ба манфиати тарафайн бар пояи ҳадафҳои муштарак бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома диҳад. Дар хотимаи барқия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Барак Обама дар маснади Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пирўзиву комёбиҳо орзў намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






