ЭМОМАЛИ РАҲМОН КАЙ ЭЙДЕРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Январь 24, 2009 11:44

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон Кай Эйдеро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоќот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону давлатҳои манфиатдор дар мавриди мусоидат ба барќарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон баррасӣ шуд.«Мушкилоти Афғонистонро танҳо бо назардошти омилҳои умумиминтаќавӣ метавон бартараф намуд, аз ин хотир кўмак  ба Афғонистон бояд ҳамчунин аз тариќи мусоидат ба ҳамаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон расонда шавад», — таъкид намуд зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.Истифода аз имконоти васеи иҷтимоию иќтисодӣ, аз ҷумла наќлиётӣ ва техникии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики 1400 километр сарҳади умумӣ дорад,  дар барќарорсозии иќтисодиёти ин кишвари ҷангзада муҳим арзёбӣ гардид. Таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистон низ барои Афғонистон судманд маънидод гардид.«Дар сурати дастгирӣ ёфтан ва татбиќи босамари лоиҳаҳои энергетикӣ, наќлиётию коммуникатсионӣ ва саноатии худ Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад Афғонистонро бо нерўи барќ ва ќисман бо маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маводи сохтмонӣ таъмин намояд», — бо эътимод таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.Кай Эйде изҳор дошт, ки лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти минтаќавӣ мебошанд, мавриди омўзиши Созмони Милали Муттаҳид ќарор доранд ва беҳтарини онҳо албатта татбиќ хоҳанд шуд. Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуд, ки айни замон Тоҷикистон метавонад ба Афғонистон дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла барои сохторҳои низомӣ ва маќомоти ҳифзи ҳуќуќаш кўмак расонад.Дар мулоќот ҳамчунин оид ба авзои ҳарбӣ сиёсии – Афғонистон, роҳҳои пурзўр намудани мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриќонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

Январь 24, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон