ФАЛАСТИН АМАЛӢ СОХТАНИ ҚАТЪНОМАИ СММ- РО ДАР ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ ТАЛАБ КАРД

Январь 10, 2009 12:43

        Ғаззаҳ, 10 январ. (АМИТ «Ховар»- Интерфакс).- Вазири корҳои хориҷии  маъмурияти миллии Фаластин Риёз Маликӣ зимни сӯҳбат бо мухбири  «Ассошиэйтед Пресс»  зикр намуд, ки Исроил  ва  созмони  «Хамос»  қатъномаи Шӯрои амнияти СММ- ро комилан ба инобат намегиранд. Ба қавли ӯ, СММ  бояд роҳу усулҳои амалӣ сохтани қатъномаи худро дар воҳаи Ғаззаҳ пайдо кунад. Р.Маликӣ таҳдид кард, ки дар акси ҳол барои ҳалли проблемаҳои минтақа аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии давлатҳои араб тадбирҳо андешида мешаванд.          Хабар дода мешавад, ки  Исроил рӯзи гузашта қатъномаи Шӯрои амнияти СММ — ро дар бораи қатъи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар воҳаи Ғаззаҳ рад намуд. Сарвазири Исроил қатъномаи мазкурро «ғайри қобили истифода»  номид. Вай зикр кард, ки силоҳбадастони фаластинӣ қатъномаи мазкурро ба инобат нагирифта,  мушакпаррониро ба сӯи Исроил давом медиҳанд.          Шӯрои амнияти СММ ҳар ду тарафи муқобилро даъват намуд, ки  задухӯрдҳои мусаллаҳонаро қатъ намуда, қисмҳои  ҳарбии Исроил аз воҳаи Ғаззаҳ бароварда шаванд. Исроил амалиёти ҳарбиро ба муқобили  ҷунбиши  «Хамос»  27 декабр шурӯъ намуд. Дар ҷараёни амалиёт то имрӯз қариб 800 фаластинӣ ҳалок  ва бештар аз 3,5 ҳазор нафар маҷрӯҳ гардид. Аз ҷониби Исроил 13 нафар,  аз ҷумла 10 хизматчии  ҳарбӣ ҳалок шуд. 

Январь 10, 2009 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид