ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ БЕҲТАР ГАРДИДААСТ
Кӯлоб, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар соли 2008 аз ҷониби кормандони Хадамоти Шиносномавию Раводиди ШКД шаҳри Кӯлоб ба 13 ҳазору 764 нафар шаҳрвандон шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Инчунин, ба 198 нафар нафақахӯрон ва шахсони ниёзманд шиносномаҳо тариқи ройгон дастрас гардонида шуд. Бино ба иттилои кормандони хадамот аксари шаҳрвандон тарзи гирифтани шиноснома ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро намедонанд ва аз ҷониби онҳо ҳолатҳои гум кардани шиносномаи шаҳрвандӣ, дар соли 2008 нисбат ба соли 2007 бештар ба қайд гирифта шудааст. Бояд қайд намуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти хадамоти шиносномавию раводиди ШКД ба ҳисоб меравад. Дар хадамоти мазкур соли 2008 аз ҳудуди шаҳру ноҳияи Кӯлоб 6225 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ба Федератсияи Росия ва дигар давлатҳо сафар намудаанд. Боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони хадамотро ба ташвиш овардааст. Мавриди ёдоварист, ки дар соли 2008 аз ҷониби кормандони хадамот дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 4 адад яроқи оташфишон мусодира карда шуда, 3 ҷиноят ошкор гардидааст, ки ду ҳодисаи дуздии моликияти шахсӣ ва як ҳодисааш бо роҳҳои қалбакӣ соҳиб гардидан ба ҳуҷҷати давлатӣ мебошад. Нисбати 900 нафар шаҳрвандон барои вайрон кардани реҷаи шиносномавӣ чораҳои интизомӣ андешида шуда, ҷамъ ба маблағи 16 хазору 400 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






