ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН ДАР СОЛИ 2008 САМАРАБАХШ БУД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки ба оғози фаъолияти он соли равон 50 сол пур мешавад, соли 2008 – ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуд. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон соли гузашта ба узвияти Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсози фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ қабул гардид, ки бо ташаббуси Бунёди байналхалқии ҳамкории гуманитарӣ дар ҷараёни мулоқоти намояндагони зиёиёни илмию эҷодкори ИДМ таъсис дода шуд. Ташкили шӯрои мазкур барои ҳалли масъалаҳои муҳимтарини марбут ба фаъолияти хабарнигорон ва вусъати равобити байналхалқии онҳо аҳамияти калон дорад. Ин кӯшиши нахустини муттаҳид сохтани созмонҳои журналистии мамлакатҳои ИДМ дар давоми 14 соли охир мебошад. Соли 2008 шумораи аъзоёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба 2 ҳазор нафар расид. Тақрибан 30 фоизи онҳо журналистони озоду мустақил мебошанд. Соли 2008 бештар аз 1000 нафар корманди воситаҳои ахбори оммавии мамлакат ба узвияти Иттифоқи журналистон қабул карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






