ФАРРУХ АМОНАТОВ – ДАР САДГОНАИ БЕҲТАРИН
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) рӯйхати шоҳмотбозони беҳтарини ҷаҳонро дар соли 2009 нашр кард. Шоҳмотбози тоҷик, гроссмейстери дараҷаи байналмилалӣ Фаррух Амонатов дар ин рӯйхат бо 2647 хол мақоми 78-умро касб кард. Дар ин рӯйхат 102 шоҳмотбозӣ беҳтарини ҷаҳон шомил шудаанд.Унвони шоҳмотбози беҳтарини сайёра тибқи ин рӯйхат насиби варзишгари булғор Веселин Топалов гардид. Ба сегонаи беҳтарин, инчунин шоҳмотбози ҳиндустонӣ Вишванатан Ананд ва шоҳмотбози укроинӣ Василий Иванчук дохил шуданд. Дар байни шоҳмотбозони тоҷик чун пештара Фаррух Амонатов дар мақоми аввал мебошад. Мақомҳои ифтихориро Ҷамшед Исоев ва Муҳаммад Ҳусейнзода низ касб карданд. Аз байни занон сегонаи беҳтаринро Елена Нуриддинова, Шаҳноза Умарова ва Надежда Антонова ишғол намуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






