ФЕҲРАСТИ ГАНҶИНАИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ОМОДАИ ЧОП АСТ

Январь 9, 2009 16:37

          Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Баъди танаффуси тӯлонӣ дар фаъолияти нашриётии Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод чопи «Ахбор»- и осорхона аз нав ба роҳ монда шуда, шумораи 7- уми он нашр гардид. Он бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ  дар нашриёти «Нодир» рӯи чоп омада, барои аҳли илму фарҳанг пешбинӣ шудааст. Китоби мазкур фарогири мавзӯҳои ҷолиби илмӣ буда, дар он хабарҳои навтарин оид ба ҷамъоварии ҳуҷҷату дастхатҳо, нигораҳои нодир ва дигар муваффақиятҳои осорхона чоп шудаанд. Бояд ёдовар шуд, ки шумораи якуми «Ахбор» соли 1952 ба табъ расида, мақолаҳои пурмазмуни олимони шинохтаро дар бар мегирифт. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллӣ хабар доданд, ба наздикӣ Феҳрасти ганҷинаи осорхона, ки ҳоло қисми зиёди рӯйхати он тартиб дода шудааст, нашр хоҳад гардид.

Январь 9, 2009 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид