ФИЛМИ НАВИ «ТОҶИКФИЛМ»

Январь 3, 2009 12:29

         Душанбе,  3  январ. (АМИТ «Ховар»,  Людмила  Дубинина). –  Дар  студияи  «Тоҷикфилм»  маросими  шиносоӣ  бо   филми  нави   бадеии «Гумгаштапайдо»  баргузор  гардид, ки онро  коргардон  Юнус  Юсуфов  ба  навор  гирифтааст. Директори филм  Юсуф  Воҳидов  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки   нахустнамоиши  филм  бомуваффақият гузашт.         Муаллифони   намоишнома   нависандаи  халқии  Тоҷикистон  Муҳаммад  Ғоиб  ва  коргардон Юнус  Юсуфов  мебошанд. Филм   дар  бораи  зиндагии  духтараке  нақл  мекунад, ки  хеле  барвақт  аз  падару  модараш  маҳрум  гардидааст. Филми  мазкур  ояндаи  наздик   дар  Шабакаи  аввали  телевизиони  Тоҷикистон  намоиш  дода  мешавад.          Коргардон  Юнус  Юсуфов  зикр  намуд, ки  вай  айни  ҳол  ба  банду  басти  филми   нави  бадеии «Бо нӯги пой» машғул  мебошад. Филми  мазкур   аз  рӯи  ҳикояи  нависандаи  рус Василий  Шукшин  таҳия  шудааст ва   намоишномаи  онро Ю.Юсуфов  таҳия  кардааст.

Январь 3, 2009 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид