ФОҶЕА ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ

Январь 13, 2009 12:06

             Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 10 январи  соли ҷорӣ тахминан соати 18:30 дар кўчаи Техническая-и шаҳри Екатеринбург миёни шаҳрвандони Тоҷикистон  Муҳаммадиев Алишер Шарифович, соли таваллудаш 30.07.1971, истиқоматкунандаи маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Одинаев Абдумалик Абдуалимович, истиқоматкунандаи маҳалаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муноқиша ба амал омад. Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ки дар натиҷаи муноқиша шаҳрванд Одинаев А. ҳамватани худ Муҳаммадиев Алишерро бо корд зада чор ҷойи қафаси синаашро захмӣ менамояд. Баъд аз бардоштани ҷароҳати вазнин Муҳаммадиев А. ба таври фоҷиавӣ дар беморхона фавтидааст. Бо ин далел Прокуратураи шаҳри Екатеринбург парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот мегузаронад. Айни замон, Намояндагии хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ дар Русия ҳамроҳ бо кормандони Прокуратураи ш. Екатеринбург кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки тамоми чораҳоро андешида, тафтишотро ҳаматарафа ва объективона ба анҷом бирасонанд.

Январь 13, 2009 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст