ФОҶИАИ ГУМАНИТАРӢ ДАР ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ
Ғаззаҳ, 4 январ. (АМИТ «Ховар» — Евронюс).- Амалиёти ҳарбии як ҳафта боз дар воҳаи Ғаззаҳ идома ёфта истодаи Исроил сабаби рух додани фоҷиаи гуманитарӣ гардид. Ҳоло дар ин ҷо камбуди маводи хӯрока, об, маводи сӯхт, қувваи барқ ва ғайра ба қайд гирифта шудааст. Намояндагони созмонҳои байналхалқӣ масъулияти чунин вазъияи ногуворро ба зиммаи роҳбарони ҷунбиши «Хамос» мегузоранд. Намояндаи СММ Роберт Сарӣ ба мухбирон гуфт, ки инфраструктураи воҳаи Ғаззаҳ дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ амалан нобуд карда шудааст. Шумораи ҳалоку маҷрӯҳшудагон рӯз то рӯз бештар мегардад. Ҷунбиши «Хамос» дар ҷавоб ҳар рӯз ба қаламрави Исроил бештар мушакҳои тарканда мепарронад. Гуфтушунидҳо барои беҳтар сохтани вазъият натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Исроил Сипи Ливни зимни мулоқот бо Президенти Фаронса Николя Саркози изҳор намуд, ки дар сарҳади Фаластин бештар аз пештар гузаргоҳҳои нақлиётӣ кушода шудаанд. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ ба муқобили ҷунбиши «Хамос» аҳолии маҳаллиро то ҳадди имкон муҳофизат кунем. Исроил аз оғози амалиёт ҳар рӯз ба қаламрави воҳаи Ғаззаҳ 60 мошин кӯмаки башардӯстона мефиристад. Ин нисбат ба давраи пеш аз оғози амалиёт хеле зиёд аст. Ҳайати Лубнон 31 декабри соли 2008 дар маҷлиси Шӯрои амнияти СММ аз номи гурӯҳи мамлакатҳои араб қатънома пешниҳод кард, ки дар он амалиёти ҳарбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ маҳкум карда мешавад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






