ГАНҶИНАИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ҒАНИТАР ГАРДОНДА ШУД
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод соли 2008 бештар аз 1225 экспонати таърихӣ ҷамъ оварданд. Ин нисбат ба натиҷаҳои соли 2007 се баробар зиёд мебошад. Директори осорхона А.Шарифов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки экспонатҳои дар давоми соли гузашта ҷамъовардашуда аз дастхати китобҳои қадима, сӯзаниҳои миллӣ, шамъдонҳо, маснуоти чинию сафолӣ, кӯзаҳои қадима ва тангаҳои мисию биринҷӣ иборат мебошанд. Дар байни тангаҳои ёфтшуда, қимати таърихию бадеии «Хазинаи тангаҳои Кушониён» бештар аст. Хазинаи мазкур 666 тангаи мисиро дар бар мегирад, ки ба асрҳои 1 – 3 — и мелодӣ мансуб мебошанд. Дар ин тангаҳо аксҳои шоҳони давраи кушониён — Вима Такту, Вима Кадфиз, Канишка, Хувишка ва Васудева тасвир ёфтаанд. Дар таърихи осорхона бори аввал тангаи дорои тасвири шоҳ Исмоили Сомонӣ ба даст оварда шуд. Ҳамаи ин дастовардҳо дар хазинаи осорхона нигоҳ дошта мешаванд ва ояндаи наздик дар толорҳои он барои тамошо гузошта хоҳанд шуд, гуфт А.Шарифов.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






