ГУЛУ НИҲОЛҲОИ МОЗАНДАРОН ДУШАНБЕРО ОРОИШ МЕДИҲАНД
Душанбе, 31 январ. АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии устод Рӯдакӣ беш аз 80 адад ниҳолҳои ороишию сояафкан, аз қабили арча, ардаҷ, шоҳбулут, оби мушкин ва нандино шинонида шуд. Инчунин, дар ин боғ дар масоҳати 4 ҳазору 105 метри мураббаъ гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонида шудааст. Тавре ба хабарнигори АМИТ « Ховар» сардори муассисаи давлатии нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо дар назди сарраёсати ободонии пойтахт Шералӣ Раҳмонов гуфт, гулу ниҳолҳои ороишӣ аз устони Мозандарони Эрон дар асоси қарордод оварда шуда, онҳо ба иқлиму шароити ҷуғрофии Душанбе мутобиқ мебошанд. Инчунин, дар назар аст, ки дар оянда аз Голландия низ гулу ниҳолҳои гуногун оварда мешаванд, ки ба ҳусни пойтахт зебоӣ ва тароват ато хоҳанд кард. Бояд зикр кард, ки Боғи фарҳангу фароғатии устод Рӯдакӣ дар масоҳати 12, 7 гектар доман густурда, роҳбарияти пойтахт ҷиҳати боз ҳам сарсабзу хуррам ва ободонии он тадбирҳои мушаххас меандешад. Шералӣ Раҳмонов ҳамчунин гуфт, ки алҳол кормандони муассисаи мазкур ба нарм кардани қитъаҳои замин ва шинонидани гулу растанӣ ва буттаю ниҳолҳои оироишию сояафкан дар мӯҷтамеъи меъмории назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт машғули кор мебошанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






