ГУЗАРОНИДАНИ НАМОИШГОҲ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2009
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Ҳаҷми умумии хизматрасонии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2008-ум 3 миллиону 470,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда 966,6 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд аст», — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Асанали Карамалиев 13 январи соли равон. Ҳамчунин дар нишасти мазкур қайд гардид, ки дар соли равон зиёда аз 33 намоишгоҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд. Дар назар аст, ки дар соли 2009 ин нишондиҳандаро зиёд намоянд. То имрӯз палата гузаронидани 14 намоишгоҳи байналмилалиро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, гузаронидани намоишгоҳи байналмилалии молу маҳсулоти Ҷумҳурии мардумии Чин дар шаҳри Душанбе, ки оиди ин масъала гуфтушунидҳо давом доранд, гузаронидани Намоишгоҳи навбатии «ИтерЛегпром» дар шаҳри Душанбе, Намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Белорус дар Душанбе дар назар аст.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






