ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ
Кӯлоб, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Кӯлоб давоми соли 2008-ум 492 нафар шаҳрвандони хориҷиро ба қайд гирифтааст. Ба гуфти роҳбари хадамот Абдуғаффор Фаттоев 413 нафари онҳо барои хабаргирии хешу таборашон омадаанд. Ин ашхос аслан дар давлатҳои ҳамсоя шаҳрванд шудаанд. 79 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар минтақа ба кор омаданд ва қисми зиёдашон шаҳрвандони Федератсияи Россия буда дар фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб кор мекунанд. Барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират 43 нафар депортатсия карда шуб ба 9 нафари дигар ба маблағи 9700 сомонӣ ҷарима баста шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2008-ум расман аз водии Кӯлоб 56764 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






