ХАРОҶОТИ СОХТМОН КАМ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 21 января. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон 607 лоиҳа барои ташхис пешниҳод гардид. Баъди омўзиши мутахассисони Раёсат 590 лоиҳа аз ташхис гузашта, 1 лоиҳа мавриди омўзиш қарор дорад, 4 лоиҳаи дигар барои таҳлилу такмил баргардонида шуд. Дар ин давра, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 182 бино, аз ҳисоби инвеститсияи хориҷӣ 24 бино, аз ҳисоби шахсони воқеӣ 365 бино ва аз ҳисоби грантҳо 23 бино сохта шуд. Аз он ҷумла, соли гузашта биноҳо ва иншоотҳои муҳим, Боғи устод А.Рўдакӣ ва биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе, НБО «Сангтўда-1», меҳмонхонаи 5- ситорадор дар шаҳри Душанбе, «Қасри ҷавонони пойтахт» дар кўчаи Мирзо Турсунзода, тармими роҳи мошингарди Душанбе- сарҳади Қирғизистон, мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Дар ин давра ба масъалаи кам кардани хароҷоти сохтмон, аз ҳисоби буҷети давлатӣ аҳмият ҷидди дода шуд. Дар натиҷа хароҷоти умумии сохтмон беш аз 81 миллиону 600 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Инчунин харҷномаи ҳисоби умумии сохтмони НБО «Сангтўда-1» аз 598,8 миллион доллари ИМА то ба 486,6 миллион доллар коҳиш ёфт, ки сарфаи хароҷоти 112,2 миллион доллари ИМА ё 383,8 миллион сомониро ташкил дод.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






