ХОҶАГИҲОИ КОММУНАЛӢ ВА ЗИМИСТОНИ СОЛИ 2009
Душанбе, 9 январ.(АМИТ «Ховар» Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар ҷумҳурӣ оид ба зимистон омода сохтани иншооти хоҷагии коммуналӣ ва фонди манзил тадбирҳо андешида шуда бошад ҳам, аммо он дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардид. То моҳи декабри соли 2008 мебоист таъмири 147 дегхона дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ анҷом меёфт, аммо дар асл танҳо 28 дегхона ё 19 фоизи ин иншоот аз таъмир бароварда шудааст. Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 3 дегхонаи мавҷудбуда ягонтои он таъмир наёфтааст. Дар вилояти Суғд бошад аз 37 дегхона -13-то, дар вилояти Хатлон аз 70 дегхона ҳамагӣ 1-то ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 33 дегхона 10 –тои он аз таъмир бароварда шудааст. Боиси тазаккур аст, ки дар шаҳри Душанбе ҳамаи 4 дегхона аз таъмир бароварда шудааст, аммо на ҳама хонаҳои пойтахт бо оби гарм таъминанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






