ХОҶАГИҲОИ ПЕШСАФ

Январь 10, 2009 12:08

                                                                       Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ ).-  Ассотсиатсияи хоҷагиҳои  деҳқонии ба номи Домулло Азизов, ки 1568 гектар  замини пахта дорад, яке аз аввалинҳо шуда дар ноҳия  шудгори тирамоҳиро хушсифат ба охир расонд. Хоҷагии деҳқонии ба номи Абдураҳимсаркор 21гектар замин дорад ва соҳаи асосии он   боғпарварӣ мебошад.Ба хоҷагии мазкур деҳқони асил Абдуҳалим Раҳмонов роҳбарӣ мекунад. Коргарони хоҷагӣ дар масоҳати 30 сотих гармхона бунёд карда, дар он  бештар аз 10 ҳазор бех ниҳоли   лимӯ кӯчат карданд. Дар чойҳои холии гармхона  сабзавоти барвактӣ –пиёз, помидор, бодиринг ва ғайра парвариш карда мешавад. Дар  хоҷагии деҳқонии мазкур солҳои 2007-2008  дар масоҳати 4 гектар боғи нав бунёд карда шуд. Ниҳолҳои зардолуи қандак ва хурмои парваридаи   Абдуҳалим Раҳмонов дар озмуни боғпарварон  яке аз ҷойхои беҳтаринро ишғол намуд. Ҳар сол ин хоҷагӣ ҳазорҳо бех ниҳолҳои гуногунро  ба фурӯш мебарорад.

Январь 10, 2009 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид