ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ СММ ВАЗЪИЯТИ ҒАЗЗАҲРО МУҲОКИМА МЕКУНАД

Январь 15, 2009 12:49

           Ню-Йорк, 15 январ. (АМИТ «Ховар» — Синхуа).- Имрӯз барои муҳокимаи вазъияти воҳаи Ғаззаҳ иҷлосияи ғайринавбатии махсуси Маҷмаи кулли СММ баргузор мегардад. Иҷлосия таҳти раёсати раиси  Маҷмаи кулли СММ Мигел Деското Брокмангузаронида мешавад.  Гузаронидани иҷлосияи мазкурро баъзе мамлакатҳои аъзои СММ, аз ҷумла мамлакатҳои ғайримунсалик талаб намуданд. Пешбинӣ карда мешавад, ки дар иҷлосия барои ҳалли  проблемаҳои воҳаи Ғаззаҳ қатъномаи дахлдор қабул карда хоҳад шуд. Алҳол намояндагони доимии мамлакатҳои аъзои СММ  машваратро дар ин бобат давом медиҳанд. Шӯрои амнияти СММ  8 январ Исроилу Фаластинро даъват кард, ки задухӯрдҳои мусаллаҳонаро фавран қатъ кунанд. Вале на Фаластин ва на Исроил талаботи СММ- ро иҷро накарданд. Амалиёти ҳарбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ давом дорад.

Январь 15, 2009 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа