ИФТИХОРНОМА ҶИҲАТИ ТАҚВИЯТИ МУНОСИБОТ БО КИШВАРҲОИ ИДМ
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов ҷиҳати фаъолияти шоиста дар тақвият ва густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои ИДМ бо ифтихорнома сарфарозонида шуд. Д. Ҳотамов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ифтихорномаи мазкурро идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки ин ҳама аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосро касб менамояд. Маврид ба зикр аст, ки моҳи октябри соли 2008 Кумитаи иҷроияи Шӯрои сарони ИДМ тасмим гирифт, ки намояндагони беҳтарини мақомоти гуногуни кишварҳои аъзоро ҷиҳати фаъолияти пурсамарашон бо ифтихорнома сарфароз гардонад. Ин ифтихорнома аз Тоҷикистон насиби Давлаталӣ Ҳотамов гардид.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






