ИЛМИ МУОСИР ЗИЛЗИЛАРО ПЕШГӮӢ КАРДА НАМЕТАВОНАД

Январь 10, 2009 12:06

 Душанбе, 10 январ. ( АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Шоми дирӯз дар шаҳр ғайричашмдошт овоза паҳн шуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз соати  1 то 4- и субҳ бояд зилзилаи сахти қувваташ то 9 бал рух диҳад. Аҳолии  қисми зиёди маҳалҳои пойтахт аз ин овоза ба воҳима афтода шабро дар беруни хонаҳояшон гузарониданд. Баъзеҳо исбот карданӣ мешуданд, ки гӯё дар  ин бора  ба воситаи телевизион хабар дода бошанд.         Мухбири АМИТ «Ховар» барои аниқ намудани масъала ба мутахассисони Маркази  зилзилашиносии «Душанбе» муроҷиат кард. Дар он ҷо зикр намуданд, ки хабари мазкур иғвогарии навбатӣ буда, ягон асоси воқеӣ надорад. Тибқи хабари аз маҳалҳо расида, чунин овоза дар байни аҳолии  шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат низ паҳн шудааст. Ёдовар мешавем, ки  бори охирин дар қаламрави Тоҷикистон замин як ҳафта пеш  бо қувваи 5 бал ҷунбида буд. 

Январь 10, 2009 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад