ИМА ДАР АФҒОНИСТОНУ ПОКИСТОН БА МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗА МЕБАРАД
Вашингтон, 23 январ. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). — Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама намояндагони махсуси худро дар Шарқи Наздик ва Афғонистону Покистон таъин кард. Вай ҳамроҳи котиби давлатӣ Хиллари Клинтон дар маҷлиси Департаменти давлатӣ таъиноти нави худро шарҳ дода, зикр намуд, ки Афғонистону Покистон ҷабҳаи марказии муборизаи ИМА ба муқобили терроризми байналхалқӣ қарор дода мешаванд. Узви собиқи сенат Ҷорҷ Митчел сафири махсуси ИМА дар Шарқи Наздик таъин гардид. Бояд гуфт, ки вай дар вақташ дар тадбирҳои истиқрори сулҳ дар Ирландияи Шимолӣ нақши муҳим бозида буд. Ба вазифаи намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистону Покистон намояндаи собиқи доимии ИМА дар СММ Ричард Холбрук таъин карда шуд. Вай аҳамияти калони суханронии президентро таъкид намуда гуфт, ки ояндаи наздик ба ин минтақа сафар мекунад ва баъди бозгашт дар бораи вазъияти ин мамлакатҳои ноороми Осиё ба президент ва котиби давлатӣ маълумоти зарурӣ хоҳад дод. Қайд кардан лозим аст, ки Ҷ.Митчел ва Р.Холбрук таҷрибаи калони «эҷоди сулҳу осоиш» — ро доранд. Р.Холбрук миёнаҳои солҳои 90 — уми асри гузашта, созишномаи Дейтонро дар амал тадбиқ намуда, ҳамчун дипломати варзида машҳур гардид. Тавре ки маълум аст, дар натиҷаи иҷрои созишномаи мазкур ба ҷанги хунин дар Босния ва Герсеговина хотима дода шуд. Ҷ.Митчел зимни ҳукумати президент Бил Клинтон барои барқарор намудани сулҳ дар Ирландияи Шимолӣ миёнаравӣ карда буд. Президенти нави ИМА ғайр аз Афғонистону Покистон ба проблемаҳои Эрон диққати ҷиддӣ медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






