ИМДОД БА НИЁЗМАНДОН

Январь 13, 2009 08:37

      Хоруғ, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дар мавзеи Бисмичи шаҳри Хоруғ оилаи Дурустовҳо зиндагӣ доранд, ки муҳтоҷи дастгирии инсонҳои сахию дасткушоданд, зеро аксарияташон маъюбанд. Ҳафтаи ҷорӣ намояндаи ташкилоти ҷамъиятии Мададгори мудофиа, ба ин оила маводи ғизоиро тақдим намуд, ки аз  орд, биринҷ, руған ва қанду макарон иборат буд. Чунин кӯмак аз ҷониби ин ташкилот ба ҳукми анъана даромадааст. Роҳбарияти он ғайр аз  маъюбон инчунин барои марзбонони деҳаи Сохчарв низ пайваста кӯмак мерасонанд. Оилаамон доимо зери қаноти пуштибонии чунин нафарони нексиришт зиндагонӣ карда, мисли дигар зодагони Бадахшон умеди бепоёне дорад, иброз дошт Маҳмадсалим Дурустов узви ин оилаи маъюбон.

Январь 13, 2009 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст