ИМЗОИ МЕМОРАНДУМИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Муншии умумии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Тоҳир Мансуров ва директори генералии Муассисаи рушди саноати СММ Кандэ Юнкелла дирӯз, 21 январ дар Вена дар қароргоҳи марказии муассисаи СММ дар бораи ҳамкорӣ меморандум имзо карданд. Дар он пешбинӣ карда мешавад, ки ҳар ду созмон дар соҳаҳои энергетика, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, истифодаи самарабахши захираҳои об, кишоварзию саноатӣ, рушди соҳаи тиҷорат ва мусоидат ба рушди соҳибкории хусусӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард. Меморандум ба қатъномаи қабулнамудаи Маҷмаи кулли СММ «Дар бораи ҳамкории СММ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия» пурра мувофиқат мекунад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






