ИНТИХОБОТ ДАР КИШВАРҲОИ ИДМ ШАФФОФУ ДЕМОКРАТӢ ГУЗАШТ
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ аз пойтахти Беларус- шаҳри Минск баргаштанд. Онҳо дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Фаъолияти нозирони ИДМ дар интихоботи давлатҳои ИДМ дар соли 2008. Таҷриба ва роҳҳои мукаммалгардонии фаъолияти ҳайати нозирон» баргузор шуд, иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ чустуҷӯи роҳҳои афзалиятноки баргузор намудани интихоботи шаффофу одилона ва фаъолгардонии ҳайати нозирони ИДМ дар ҷараёни баргузории интихобот дар кишварҳои Иттиҳод мебошад. Дар ҳамоиш котиби Кумитаи иҷроияи ИДМ С. Лебедев иштирок намуда, ба фаъолияти ҳайати нозирон баланд дод. Назар ба иттилои роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов, ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ИДМ баргузор шуда, дар он намояндагони Комиссияҳоли марказии интихобот ва райъпурсии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, намояндагони корпуси дипломатии ИДМ иштирок доштанд. Иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои марбут ба баргузории интихоботу озоду демократӣ, баланд бардоштани фаъолияти нозирони ИДМ зимни мушоҳидаи интихобот дар кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ намуда, дар анҷом тавсиянома қабул карданд. Бояд зикр кард, ки дар соли 2008 дар давлатҳои Гурҷистон, Арманистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳуриии Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркманистон интихоботи парлумонӣ ва президентӣ баргузор гардид, ки беш аз 9 ҳазор нозирон аз кишварҳои ИДМ онҳоро мушоҳида карданд. Дар ҳамоиш Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Амирхон Сафаров иштирок дошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






