ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР МӮҲЛАТИ МУҚАРРАРШУДА БАРГУЗОР НАМЕГАРДАД

Январь 24, 2009 11:54

                     Кобул, 24 январ. (АМИТ «Ховар» — «Газета. Ру.). — Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон дирӯз хабар дод, ки интихоботи президенти мамлакат дар вақти муқарраршуда, яъне фасли баҳори соли равон гузаронида намешавад. Комиссия изҳор намуд, ки ҳавои сарди зимистони имсола рафту омади нақлиётро душвор гардонд, барои гузаронидани интихобот маблағ ҷудо карда нашуд, вазъи амниятӣ торафт бадтар мегардад, дар натиҷа гузаронидани интихоботи президент дар мӯҳлати муқарраршуда ғайриимкон мебошад. Комиссия сустии назорати вазъияти минтақаҳои ҷанубу шарқии мамлакатро аз ҷониби ҳукумат ва мақомоти низомию интизомӣ таъкид намуд.                     Қайд карда шуд, ки аҳолии маҳаллӣ дар интихобот иштирок кардан мехоҳад, аммо дар натиҷаи амалиёти силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» ба қайд гирифтани онҳо имконнопазир аст.

Январь 24, 2009 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид