ИНТИКОЛИ ГАЗИ ТАБИӢ ДАР КӮЛОБ АФЗОИШ ЁФТ

Январь 22, 2009 12:11

                     Кӯлоб, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Баъди аз кор баромадани чоҳҳои кони гази Хочасартез ва якчанд чоҳи гази Балҷувон интиқоли гази табиӣ ба шаҳри Кӯлоб дар соли 2006 ҳамагӣ 6,5 ҳазор метри мукаабро ташкил медод. Ба хотири таъмини пурраи аҳолии шаҳри Кӯлоб бо ин маводи сӯхт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008-ум барои аз нав эҳё намудани чоҳҳои гази Хоҷасартез чораҳои зарурӣ андешида шуд. Дар натиҷа оғози соли 2009 яке аз чоҳҳои кони гази Хоҷасартез ба кор даромада интиқоли гази табиӣ ба шаҳри Кӯлоб зиёд гардид.                   Зиёд гардидани интиқоли гази табиӣ ба шаҳри Кӯлоб имкон фароҳам овард, ки қисми зиёди хонаҳои баландошёна бо ин намуди сӯзишворӣ таъмин гарданд. Шаҳрвандон бошанд бо раҳоӣ ёфтан аз ин мушкилӣ минатдории худро ба ҳукумати мамлакат ва кормандони соҳа баён намуданд.                    Бояд қайд намуд, ки кормандони Ҷамъияти Саҳомии Шакли Кушодаи "Кӯлобгаз" дар самти ҷамъоварии маблағ аз истифодабарандагон ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардиданд. Дар соли 2008 қарздории аҳолӣ ва корхонаи истеҳсоли "Хишти Кӯлоб" аз Кӯлобгаз нисбати соли 2007 зиёд гардидааст.                   Айни ҳол ҶСШК "Кӯлобгаз" хатҳои гази табииро дар ҳудуди шаҳр таъмир намуда, бо зиёд гардидани интиқоли газ дигар маҳаллаҳои шаҳрро бо газ таъмин карданист, инчунин дар баробари таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ нуқтаҳои фурӯши гази моеъро ба роҳ мондааст, ки шаҳрвандон аз он васеъ истифода мебаранд.

Январь 22, 2009 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад