ИШТИРОКИ О. ОҚИЛОВ ДАР МАҶЛИСИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА

Январь 9, 2009 17:26

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов маҷлиси ҳайати мушовара дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ баргузор гардид.  Дар ҷаласаи мазкур Сарвазири ҷумҳурӣ дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2008 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2009 маърӯза кард. Аз ҷумла зикр кард, ки соли сипаригашта афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2007 7,9 фоиз афзуд ва ҳаҷми он ба 17 миллиарду 609,3 миллион сомонӣ расид, ки ба ҳар сари аҳолӣ 697 доллари ИМА рост омада, нисбат ба соли 2007 ба маблағи 183 доллар афзудааст. Дар соли сипаригашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7 миллиарду 807,3 миллион сомониро ташкил дода, ки нисбат ба соли 2007  7,9 фоиз зиёд аст. Дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба ғайр аз саноат, пешравӣ мушоҳида мегардад. Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ бошад, дар соли гузашта ба 4 миллиарду 549,6 миллион доллари амрикоӣ расид, ки ба 113,3 фоизи соли 2007 баробар аст. Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар соли 2008-ум 106 фоиз иҷро гардида, ба он 5 миллиарду 291,3 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2007 1,6 миллиард сомонӣ зиёд аст. Умуман буҷети тасдиқшудаи давлатӣ аз рӯи шаш намуди андоз, даромадҳои ғайриандозӣ ва грантҳо таъмин нагашта, ба он қариб 138 миллион сомонӣ ворид нашуд. Сабаби дигари иҷро нагардидани даромадҳои дохилӣ ин зиёдшавии бақияпулиҳои андоз ва пардохтҳои иҷтимоӣ мебошад. Зиёдшавии бақияпулиҳои андоз дар ҷумҳурӣ дар ҳолати ташвишовар буда, характери доимиро гирифтааст ва ба ҳолати 1 декабри соли 2008 ҳаҷми онҳо ба 506,1 миллион сомонӣ ё ба 28,7 фоизи даромадҳои умумии солонаи андозҳои дохилӣ баробар буда, нисбат ба аввали соли 2008 – ум ба маблағи 119,7 миллион сомонӣ афзудаанд.Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҳаҷми қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати якуми январи соли 2009 ба як миллиарду 366,5 миллион доллари амрикои баробар шуд. Ин нишондиҳанда гарчанде нисбат ба авали сол (1 миллиарду 119,9 миллион доллари ИМА) зиёд шуда бошад ҳам, нисбати ММД 1,4 фоиз кам гардида, 28,8 фоизро ташкил дод.

Январь 9, 2009 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад