ИШТИРОКИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2008 Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов 6 январи соли ҷорӣ дар маҷлиси ҷамъбастии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод иштирок намуд.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маҷлиси ҷамъбасти раиси ноҳия Зиёратшоҳи Сайдулло оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2008 ва вазифаҳо дар соли 2009 ҳисобот намуд. Сипас Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов доир ба дастовардҳо, проблемаву камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи хоҷагии халқи ноҳия ва рушди он баромад намуд. Нусратулло Салимов ба ҳайси аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва камбудиҳои ҷойдошта чораҳои амалӣ биандешанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






